Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Белорус ва Русия оқибат ба созиш расиданд


Белорус тасмими тақвият бахшидани назорати гумрукӣ дар марз бо Русияро лағв кард. Тасмим дар ин бора ҳамагӣ як рӯз пеш гирифта шуда буд. Муовини раиси кумитаи давлатии нақлиёти Белорус Сергей Борисюк гуфт, тасмим баъди он лағв шуд, ки гумруки Русия ба вуруди маҳсулоти ширии Белорус иҷоза дод. Қаблан вазири кишоварзии Белорус Сергей Шапиро баъд аз музокирот бо раиси Кумитаи беҳдоштии Русия Геннадий Онишенко хабар дода буд, ки воридоти маҳсулоти ширии Белорус ба Русия дар наздиктарин фурсат аз сар гирифта мешавад.
Рӯзи чаҳоршанбе Русия ва Белорус дар дар мавриди мушкили содироту воридоти маҳсулоти ширӣ ба созиш расиданд. Вазири кишоварзии Русия Елена Скринник гуфт, ки тибқи созиши ҳосилшуда, муваққатан воридоти шири хушк аз Белорус коҳиш меёбад ва ҳамзамон воридоти дигар маҳсулоти ширӣ, аз ҷумла, панир ва равған афзоиш хоҳад ёфт. Баъди тасмим дар бораи манъи воридоти маҳсулоти ширии Белорус ба Русия муносибати Минск ва Маскав ба сардӣ гароид.
XS
SM
MD
LG