Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА сарнавишти маҳбусони Гуантанаморо ҳал мекунад


Ҳукумати ИМА сарнавишти тақрибан нисфи маҳбусони зиндони пойгоҳи Гуантанаморо ҳал кардааст. Вазири адлияи Амрико Эрик Ҳолдер зимни суханронӣ дар кумитаи ҳуқуқи Сенат хабар дод, ки баъди тафтиши парвандаҳои 229 маҳбус муфаттишон ба натиҷае расиданд, ки фақат чаҳоряки онҳо мавриди бозпурсӣ дар додгоҳ қарор хоҳанд гирифт. Эрик Ҳолдер аз тафсилоти бештар дар ин бора худдорӣ кард. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама тасмим гирифтааст, ки то охири соли равон маҳбаси пойгоҳи Гуантанаморо бандад.
XS
SM
MD
LG