Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯъи тафтиши сабабҳои ҳамла ба донишгоҳи Теҳрон


Мақомоти Эрон амр карданд, ки ҳамла ба хобгоҳи донишҷӯёни донишгоҳи Теҳрон мавриди тафтиш қарор гирад. Ба иттилоъи бархе хабаргузориҳо, ҳамла ба хобгоҳ дар шоми рӯзи якшанбе аз сӯи сарбозони гурӯҳҳои исломӣ ва кормандони полис сурат гирифтааст. Дар он ҳамла 5 тан аз донишҷӯён кушта ва чанд тани дигар маҷрӯҳ шуда буданд.
Дирӯз тазоҳуроти ҷонибдорони номзади ноком дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон Мир Ҳусейни Мусавӣ дар Теҳрон идома кард. Онҳо ба ёди 8 тан аз қурбониёни нооромиҳо дар шаҳрҳои гуногуни Эрон раҳпаймоии хомушонаро доир намуданд. Панҷ рӯз боз ҷонибдорони Мусавӣ бо талаби лағви натоиҷи интихоботи рӯзи 12 июн ба хиёбонҳо мерезанд. Онҳо мегӯянд, ки мақомот дар баршумурдани раъйҳо даст ба тақаллуб задаанд.
XS
SM
MD
LG