Пайвандҳои дастрасӣ

Сабабҳои худкушии вазири собиқ тафтиш мешавад


Барои тафтиши сабабҳои ҳалокати собиқ вазири умури дохилаи Тоҷикистон Муҳаммадназар Солеҳов гурӯҳи вижаи тафтишотӣ таъсис шудааст. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ аз вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар доданд. Шаби гузашта аъзои ин гурӯҳ то бевақтӣ дар манзили Муҳаммадназар Солеҳов бо шоҳидони ҳодиса сӯҳбат карданд.
Ба иттилоъи расмӣ, собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон Муҳаммадназар Солеҳов шоми 17-уми июн дар манзилаш дар шаҳри Душанбе даст ба худкӯшӣ зад. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон гуфтаанд, ин ҳодиса дар ҳоле ба амал омад, ки Додситонии кулли кишвар ба ҳабси Солеҳов дастур дода буд.
XS
SM
MD
LG