Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммадназар Солеҳов худкушӣ кард


Собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон Муҳаммадназар Солеҳов шоми 17-уми июн дар манзилаш дар Душанбе даст ба ҷони хеш зад. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон гуфтаанд, ин ҳодиса дар ҳоле ба амал омад, ки Додситонии кулли кишвар ба ҳабси Солеҳов дастур дода буд. Худойназар, писари 12-солаи Солеҳов, дар гуфтугӯи телефонӣ ба радиои "Озодӣ" иттилоъ дод, ки гурӯҳи афроди ношинос бо дашному таҳдид ба манзили ӯ ворид шудаанд ва сипас садои туфангча ба гӯш расидааст.
Ҳақиқати ин суханони писари Солеҳовро манбаъҳои мустақил ҳанӯз тасдиқ накардаанд.
Муҳаммадназар Солеҳов тӯли чандин сол дар мақомҳои додситони кулли Тоҷикистон, раиси Додгоҳи қонуни асосӣ, муовини вазири корҳои дохилӣ, вазири умури дохилӣ ва ду навбат раҳбари дастгоҳи иҷроя ё маъмурияти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон буд ва яке аз шахсиятҳои бонуфуз ва калидӣ дар ҳукумати Раҳмон ба шумор мерафт.
XS
SM
MD
LG