Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни Мусавӣ дар Теҳрон гирдиҳам омадаанд


Даҳҳо ҳазор нафар ҳомиёни Мир Ҳуссейн Мусавӣ-номзади мақоми раёсати ҷумҳурӣ имрӯз дар маркази Теҳрон барои панҷумин рӯзи тазоҳуроти эътирозӣ бар зидди натиҷаҳои эълоншудаи интихобот гирдиҳам омаданд. Бино ба гузоришҳо, бештари тазоҳуркунандагон ором буданд ва пешонибанду дастбанди сабз доштанд, ки он нишонаи ҷонибдорӣ аз Мусавӣ мебошад. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, таҷаммуи тазоҳуркунандагон дар кӯчаву хиёбонҳо ба чанд километр мерасад. Як рӯзи пеш Мусавӣ дархост кард, ки ба сабаби тақаллуб дар натаҷаҳои оро интихоботи нав баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG