Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниши шоҳзода ба рӯйдодҳои ахири Эрон


Дар хориҷ аз Эрон шоҳзода Ризо Паҳлавӣ-писари Муҳаммад Ризошоҳ ба рӯйдодҳои ахири кишвараш вокуниш нишон дод. Вай зимни суханони худ дар мусоҳибае бо хабаргузории Ройтерз дар Вошингтон гуфт:

"Дар ҳар ҳолат рӯшан аст, ки ҷин аз шиша баромадааст, он гуна, ки мегӯянд. Ин дафъа мардум намехоҳанд нармиш нишон диҳанд ва баргарданду бигӯянд: "Хайр аст, мо талош кардем, вале муваффақ нашудем". Ман фикр намекунам, ки онҳо аз дархостҳои худ даст кашанд".

Вай афзуд, ҳоло дар Эрон ҷавонон ба хиёбонҳо рехтаанд ва мегӯянд, ки дигар ин режимро қабул надоранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG