Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон сафири Швейтсарияро ба вазорат хонд


Бино ба хабари матбуоти Эрон, вазорати умури хориҷаи ин кишвар сафири Швейтсария дар Эронро ба вазорат эҳзор кардааст ва изҳороти Амрикоро дар мавриди интихоботи 12-ӯми июни Эрон "мудохила" арзёбӣ кардааст. Сафири Швейтсария дар Теҳрон аз манофеъи Амрико дар Эрон дифоъ мекунад. Хабаргузории нимарасмии Форс гузориш додааст, ки вазорати хориҷа "эътироз ва ноқаноъатмандӣ"-и худ аз изҳороти намояндагони расмии давлати Амрикоро дар бораи натиҷаҳои интихобот таҳвил додааст. Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст, ки як дипломати Канада ва чанд намояндаи кишварҳои аврупоӣ низ ба вазорат эҳзор шудаанд.
XS
SM
MD
LG