Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости Қирғизистон аз Ӯзбекистон


Мақомоти Қирғизистон аз Ӯзбекистон дархост кардаанд, то ду шаҳрванди Қирғизистонро, ки марзбонони ӯзбек гӯё барои убури ғайриқонунӣ аз марз боздошт карда буданд, раҳо кунанд. Досназар Абдулазизов-сухангӯи хадамоти марзбонии Қирғизистон ба радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти расмии кишвараш бо намояндагони Ӯзбекистон дар бораи раҳоии Зокир Акбаров ва Убайдулло Муталибов музокира анҷом медиҳанд. Онҳо моҳи маи соли ҷорӣ боздошт шудаанд. Аммо мақомоти ӯзбек мегӯянд, ки ин ду нафар бояд дар Ӯбекистон муҳокима шаванд. Қирғизистон талош дорад, ки парвандаҳои онҳо ба Қирғизистон супурда шавад.
XS
SM
MD
LG