Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Иттиҳодияи Аврупо ба Покистон


Дар Бруссел раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ва Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон масъалаи мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ва тавсеаи равобити наздики тиҷоратиро баррасӣ карданд. Дар сатҳи раҳбарон миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Покистон бори аввал чунин музокирот анҷом гирифт. Хосе Мануэл Бароссо-раиси кумиссиюни Аврупо дар бораи кӯмакҳои Иттиҳодияи Аврупо ба Покистон дар як нишасти хабарӣ дар Бруссел гуфт:

"Мо интизорем, ки 124 миллион евро ихтисос дода шавад, 72 миллион евро барои кӯмакҳои башарӣ ва 52 миллион евро барои раҳоӣ аз бӯҳрон".

Бештар аз нисфи ин кӯмакҳо ба қурбониёни ҷангҳои ахири водии Свот ихтисос хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG