Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони ИА ва Покистон мулоқот мекунанд


Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ва Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон дар Бруссел масъалаи мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ва тавсеаи равобити наздики тиҷоратиро баррасӣ мекунанд. Дар сатҳи раҳбарон миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Покистон бори аввал чунин музокирот анҷом мегирад. Хонум Бенита Ферреро-Валднер-комисари умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо қабл аз ин мулоқот гуфт, ин иттиҳодия 138 миллион доллар кӯмак дар ихтиёри Покистон мегузорад, ки беш аз нисфи он ба қурбониёни ҷангҳои ахири водии Свот ихтисос хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG