Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қарор аст, ки имрӯз сабти номи номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳури Қирғизистон ба давраи ниҳоии худ хоҳад расид.

Аз 18 даъвогари курсии раёсати ҷумҳур комиссияи марказии интихобот то имрӯз панҷ нафарро сабти ном кард. Қурмонбек Боқиев, Темир Сариев, Алмосбек Атамбоев, Ҷенишбек Назаралиев ва Тухтаойим Уметалиева мандати номзадиро ба даст оварданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти комиссияи марказии интихобот ва баргузории референдумҳои Қирғизистон, фақат панҷ номзад тавонистанд, ки асноди заруриро пешниҳод кунанд ва аз санҷиши забони давлатӣ бомуваффақият гузаранд. Ин манбаъ афзуд, Нурлан Мотуев даъвогари охирин аз 10 нафари боқимонда аст, ки ба комиссияи марказии интихобот барои сабти ном муроҷиат кардааст.

Бино ба дафтари матбуоти комиссияи марказии интихобот 16 июн Тухтаойим Уметалиева, номзади ягона аз байни занҳои кишвар сабти ном шуд ва мандати номзадиро ба даст овард.

Нурлан Мотуев, мулаққаб ба «Шоҳи ангишти Қирғизистон», даъвогари ахир барои ишғоли курсии раёсати ҷумҳур мебошад. Вай ҳамраиси созмони иҷтимоии мусалмонони Қирғизистон аст, вале ҳамеша аз сиёсати низоми вақти кишвараш тарафдорӣ мекард.

Баъди эъломи тасмими комиссияи марказии интихобот ва референдумҳо дар муқобили Нурлан Мотуев маъракаи таблиғотии номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳури Қирғизистон оғоз мегардад.
XS
SM
MD
LG