Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА хостори қатъи ҳамла ба рӯзноманигорон шуд


Бахши матбуотии САҲА бо номи матбуот силоҳи САҲА дар остонаи интихоботи қарибулвуқуи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон аз ин кишвар хостааст, ки ҳамла ба матбуотро хотима диҳад. Дар номае ба Кадирбек Сарбаев-вазири умури хориҷаи Қирғизистон Миклош Ҳарастӣ-намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот гуфтааст, рӯзноманигорони қирғиз шоҳиди афзоиши ҳамлаҳои бераҳмона, аз ҷумла дар ду моҳи ахир шудаанд, дар ҳоле, ки мақомот расидагӣ ба парвандаҳои авоили соли ҷориро ба поён нарасондаанд. Ҳарастӣ ҳамчунин бори дигар дархост кард, ки дар бораи расидагӣ ба ин ҷиноятҳо маълумот диҳанд. Қирғизистон ба интихоботи раёсати ҷумҳурии 23-юми июл омодагӣ мегирад.
XS
SM
MD
LG