Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар осорхонаи миллии ба номи Камолиддини Беҳзод 30 адад нигораҳои тармимшуда ба намоиш гузашта шуд.

Дар ин намоишгоҳ 30 адад нигораҳо аз қабили сӯзаниҳо, либосҳои қадимӣ, тоқиҳо, зарфҳои сафолину мисии мунаққаш қолибҳои читгарӣ тармим ва поккорӣ карда шуда ва пешкаши алоқамандон гардид.

Ин намоишгоҳ ба ибтикори вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва ташкилоти байнулмилалии Институти Ҷаъмияти Кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон баргузор шудааст.

Ба гуфтаи Зафар Иброҳимов, муовини раиси осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод, ҳадаф аз баргузории чунин намоишгоҳ ошносозии мардум ба осори фарҳангӣ ва таърихи тоҷикон аст.

Вай афзуд, “таҳияи ин намоиш, ин пеш аз ҳама ба тамошобинони дохилӣ ва хориҷӣ нишон додани намудҳои гуногуни нақшу нигор дар санъати тасвирӣ аст. Яъне ин ба он маъне аст, ки гузаштагони мо дар аксари намуди ҳунарҳо нақшу нигорро истифода мебурданд. Мо кӯшиш кардем, ки намунаҳои гуногуни нақшу нигорро, ки дар хазинаи осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод ҷаъмоварӣ шудаанд, ба намоиш гузорем”.

Ба гуфтаи Зафар Иброҳимов, ба далели мушкилоти гуногун баргузории ин намоиш дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон ғайриимкон аст ва ин осори таърихӣ танҳо дар музеи Камолидини Беҳзод ба намоиш гузошта хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол ташкилоти байнулмилалии Институти Ҷаъмияти Кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барои тармими нигораҳои таърихӣ 2 ҳазор доллар ихтисос додааст. Гуландом Набиева, роҳбари барномаи фарҳанг ва ҳунар дар ин ташкилот, гуфт, мо як чанд барномаҳо барои пешрафти фарҳанг дар Тоҷикистон дорем ва яке аз ин барномаҳо ба рушди осорхонаҳо дар Тоҷикистон рабт дорад. Вай афзуд, ин барномаҳо ҳама барои ҷалби мардум ва ҷавонон ба осорхонаҳост.

Ба гуфтаи Гуландом Набиева, дар оянда боз як намоиши дигаре бо унвони «Санъати абрешими тоҷикӣ»баргузор хоҳад шуд.

Қарор аст намоиши ҷадид дар осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод то 20 июли соли ҷорӣ идома ёбад.
XS
SM
MD
LG