Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама мухолифатҳои Эронро камаҳамият медонад


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мухолфатҳои миёни Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон ва рақиби интихоботии вай Мир Ҳуссейн Мусавиро камаҳамият арзёбӣ кард. Вай дар мусоҳибае бо телевизиони Си Эн Би Си натиҷаҳои баҳсбарангези интихоботи Эронро "мояи шигифтангез дар Эрон" хондааст. Ба гуфтаи Обама, дар сиёсатҳое, ки Аҳмадинежод ва Мусавӣ аз он ҳимоят мекунанд, тавовутҳои кам дида мешавад. Дар як суханронии дигар дар Кохи Сафед вай гуфт, ки аз интихоботи Эрон нигарон аст, вале Амрико дар вазъи ин кишвар "мудохила" намекунад:

"Бо назардошти муносиботи Амрикову Эрон самарбахш нахоҳад буд, ки раиси ҷумҳури Амрико дар интихоботи Эрон мудохила кунад ва он ҳамчун мудохила арзёбӣ шавад".

Обама ҳамчунин аз хушунатҳое, ки бар зидди тазоҳуроти сулҳомез истифода мешавад, изҳори нигаронӣ кард.
XS
SM
MD
LG