Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон мухолифон хостори раҳпаймоии нав шуданд


Ҷонибдорони Мир Ҳуссейн Мусавӣ-номзади мағлуби раёсати ҷумҳурии Эрон даъват кардаанд, ки барои эътироз бар зидди натиҷаҳои эълоншудаи интихобот имрӯз раҳпаймоии дигар анҷом диҳанд. Мақомоти расмии Эрон Маҳмуди Аҳмадинежодро барандаи интихоботи раёсати ҷумҳурии 12-ӯми июн эълон карданд ва он дар шаҳрҳои гуногуни Эрон ба вокунишҳои густардаи эътирозии аҳолӣ рӯ ба рӯ шуд. Оятулло Алӣ Хоманеӣ-раҳбари низом дар Эрон розӣ шудааст, ки бахше аз оро, яъне орои баҳсбарангези интихобкунандагон дубора шумурда шавад.
XS
SM
MD
LG