Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси собиқи "Тоҷикэйр"-ро ба зиндон андохтанд


Додситонии Кулли Тоҷикистон хабар додааст, ки Ҳокимшоҳ Тиллоев-раиси собиқи ширкати ҳавоии "Тоҷикэйр" боздошт шудааст ва ҳоло дар боздоштгоҳи вазорати дохилаи Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад. Вай 20-ӯми ноябри соли 2008 аз раёсати "Тоҷикэйр" барканор шуд ва ахиран додситонии кулл бар асоси шикояти шаҳрвандон барои тахаллуфоти молӣ бар зидди вай парванда боз кард.
XS
SM
MD
LG