Пайвандҳои дастрасӣ

Яке аз ёрони Мулло Абдулло боздошт шуд


Бино ба иттилоъи хабаргузориҳои маҳаллии Тоҷикистон, 16-ӯми июн дар ҷараёни як амалиёти ҷустуҷӯ кормандони вазорати дохилаи Тоҷикистон дар ноҳияи Ваҳдат яке аз аъзои фаъоли гурӯҳи Абдулло Раҳимов ё Мулло Абдуллоро боздошт кардаанд. Шахси боздоштшуда бо номи Туробшоҳ Солеҳов сокини 33-солаи шаҳраки Роғун аст ва бино ба хабарҳо, дар судури чанд ҷиноят муттаҳам дониста мешавад. Дар хабар омадааст, Туробшоҳ Солеҳов як ҷо бо узви дигари гурӯҳ Дилшод Алиев соли 1997 Миралӣ Исломов-сокини шаҳри Душанберо боздошт ва ба шаҳраки Оби Гарм бурда, куштаанд ва сарашро аз танаш ҷудо кардаанд.
XS
SM
MD
LG