Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Истиқлол» – дар нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2009


Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе соҳиби роҳхати охирин ба даври ниманиҳоии мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон-2009 гардид.

«Истиқлол» дар бозии ҷавобии чаҳорякниҳоӣ, ки 16-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, аз тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт. Голро Нӯъмонҷон Ҳакимов дар дақиқаи 19-ум ба самар расонд.

Вале дар бозии аввали чаҳорякниҳоӣ «Истиқлол» дар меҳмонӣ бар дастаи «Вахш» бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуда буд. Бинобар ин аз рӯи натоиҷи ду бозӣ «Истиқлол», ки ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт, бо дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бозӣ хоҳад кард.

Бозии дигари ниманиҳоӣ байни ду дастаи шаҳри Душанбе – «Энергетик» ва ССКА «Помир» баргузор хоҳад шуд.

Бозиҳои аввали ниманиҳоӣ 22-юм ва 23-юми август ва бозиҳои ҷавобӣ 29-ум ва 30-юми август барпо мешаванд.

Барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2009 дар бозии ниҳоӣ рӯзи 5-уми октябр муайян хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG