Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти собиқ раиси ширкати "Тоҷикэйр"


Ҳокимшо Тиллоев, собиқ раиси ширкати «Тоҷикэйр»

Ҳокимшо Тиллоев, собиқ раиси ширкати «Тоҷикэйр»

Додситонии кулли Тоҷикистон боздошти Ҳокимшоҳ Тиллоев - собиқ раиси ширкати «Tajik Air»-ро таъйид кардааст.

Бо он вуҷуд, ки Абдусамеъ Додобоев - муовини додситони кулли Тоҷикистон ва Баҳодур Ҳомидов - сарвари раёсати ҷиноятҳои махсусан вазнини додситонӣ бо Радиои Озодӣ ҳозир нашуданд, ки дар ин мавзӯъ сӯҳбат кунанд, ахирӣ ба расонаҳои дохилии кишвар боздошти собиқ раиси ширкати «Tajik Air»-ро таъйид кардааст. Вай мегӯяд, Ҳокимшоҳ Тиллоев аз рӯйи чанд моддаи қонунгузории ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам шумурда мешавад ва яке аз ин иттиҳомот сӯйистифода аз мансаб аст.

Аммо каблан Абдусамеъ Додобоев, муовини додситони кулли Тоҷикистон, гуфта буд, ки парвандаи ҷиноии раиси собиқи ширкати «Tajik Air» дар пояи шикояти чанд шаҳрванди Тоҷикистон рӯйи кор омадааст, ки бо оқои Тиллоев «муомилаи пулӣ» доштаанд. Муовини додситонии кулл аз шумора ва миқдори ин маболиғ чизе нагуфт, аммо афзуд, ин афрод натавонистаанд маблағҳои худро аз раиси собиқи ширкати ҳавонавардӣ бозпас гиранд ва аз ин хотир ба ниҳодҳои ҳифзи қонун муроҷиат кардаанд.

Дар ҳоле, ки мақомот дар ин бора аз овардани тафсилот худдорӣ мекунанд, коршиносон мегӯянд, ба эҳтимоли қавӣ аксари иттиҳомот алайҳи Ҳокимшоҳ Тиллоев ба фаъолияташ дар «Tajik Air» рабт дорад, зеро ин ширкат солҳои ахир яке аз ширкатҳои пурмоҷаро маҳсуб мегардид. Ин моҷароҳо гоҳ-гоҳе дар саҳифаҳои матбуот низ пайдо мешуданд.

Олга Тутубалина, корманди ҳафтаномаи «Азия-плюс», ки дар бораи «Tajik Air» чанд матлаб ба нашр расонидааст, мегӯяд, тайи даҳ соли ахир ин ширкат таҳти сарварии раҳбарони бесалоҳият қарор дошт, ки ҳеҷ яке натавонист, онро ба по рост кунад. Хонум Тутубалина мегӯяд, дар оғоз раҳбари ширкат нафари ғайриҳирфаӣ Шодимад Мирзоалимов буд, ки бо дархости муовинонаш аз раисҷумҳур аз кор рафт ва ӯро як нафари ҳирфаӣ Мирзо Анваров иваз кард, ки ҳамчун раҳбари ноӯҳдабаро ном баровард.

Хонум Тутубалина афзуд, Анваров баъд аз он аз вазифа сабукдӯш шуд, ки як қатор созмонҳои байнулмилаиву хориҷии муқими Тоҷикистон тариқи расонаҳо аз хидматрасонии бад ва фасод дар фурӯдгоҳи Душанбе ба ҳукумати Тоҷикистон шикоят карданд.

Вай мегӯяд, «аммо дар идома ҳангоми баррасии он, ки киро дар сарварии «Tajik Air» гузоранд, боз бо роҳи кӯҳна рафтанд. Ба хулосае омаданд, ки сарвари ин ширкат на авиатори ҳирфаӣ, балки менеҷер–мудири хуб бошад. Ин Ҳокимшо Тиллоев буд, ки дар замони раҳбариаш беҳбудие нашуд. Бале, ӯ «Боинг» овард, аммо қарзҳои «Tajik Air» боз зиёд шуданд. Мутахассисон, халабонҳо ва муҳандисони хуб рафтанд».

Хонум Тутубалина афзуд, парвандаи ҷиноии алайҳи оқои Тиллоев оғозшуда он нуктаро низ равшан мекунад, ки сарвари нави «Tajik Air» Алимурод Маҳмадалиев, собиқ муовини раиси Оҷонси давлатии назорати молӣ ва мубориза бо фасод таъин шудааст, яъне ӯ барои ислоҳи вазъ ба «Tajik Air» омадааст.

Ҳокимшо Тиллоев, ки қаблан муовини вазири даромадҳо ва пардохтҳои Тоҷикистон буд, январи соли 2006 аз сӯи раисҷумҳури ин кишвар сарвари «Tajik Air» таъин шуд. Ӯро яке аз раҳбарони ислоҳотталаб муаррифӣ мекарданд. Аммо бо гузашти вақт дар расонаҳои кишвар «Tajik Air» мавриди интиқодҳои шадид қарор гирифт. Бахусус баҳси миёни доманадоре миёни сарвари «Tajik Air» ва раҳбари марҳуми ширкати дигар, аммо хусусии ҳавонавардии Тоҷикистон “Somon air» Мирзо Мастонгулов ба миён омад, ки дар ниҳоят «Tajik Air» ба чор корхонаи алоҳида тақсим шуд.

Ҳокимшо Тиллоев мухолифи ашаддии тақсим кардани ин ширкати давлатӣ буд ва дар баҳсҳои хориҷ аз расонаҳо ин нукта ҳам зикр мешуд, ки ба нокомиҳои Тиллоеви ислоҳотталаб ба майдон омадани “Somon air» низ мусоидат кардааст.

Коршиносон мегӯянд, дар сохтори ҳукмрон дар Тоҷикистон як нафар новобаста аз кӯшишҳояш ба ислоҳот муваффақ нахоҳад шуд ва бидуни ихтиёр сохтор ӯро фурӯ хоҳад бурд. Онҳо мегӯянд, новобаста аз он ки иттиҳомоти алайҳи сарвари собиқи «Tajik Air» то куҷо собит хоҳад шуд, оқои Тиллоев намунаи барҷастаи як раҳбари ислоҳотталаб, вале ноком аст. Ӯ аввалин мақоми баландпояи Тоҷикистон аст, ки инак ба фасод ва бидуни ангезаи сиёсӣ муттаҳам мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG