Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико аз вазъи мубориза бо қочоқи инсон розӣ нест


ИМА феҳристи кишварҳоеро, ки, аз нигоҳи Вошингтон, алайҳи қочоқи инсон аз чораҳои зарурӣ кор намегиранд, такмил кард. Дар гузориши имсолаи вазорати умури хориҷаи ИМА 52 кишвар ва қаламрав номбар шудааст, яъне назар ба соли гузашта 12 кишвар изофа шудааст. Инҳо асосан кишварҳои африқоӣ, осиёӣ ва Ховари Миёнаанд ва ба гуфтаи вазорати умури хориҷаи Амрико, агар мубориза бо қочоқи инсонро вусъат набахшанд, гирифтори таҳримҳои ИМА хоҳанд шуд.
Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии Амрико, зимни муаррифии гузориш қочоқи инсонро “ғуломии муосир” номид. Ба гуфтаи ӯ, қочоқи инсон ҷиноятест, ки аз он на фақат қурбониёни ин ҷинояти сангин, балки аҳли хонаводаҳои онҳо низ азият мекашанд.
XS
SM
MD
LG