Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА дар мавриди сипари мушакӣ тасмим нагирифтааст


Иёлоти Муттаҳида дар мавриди мустақарсозии сипари мушакӣ дар Аврупо ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нагирифтааст. Дар ин бора муовини вазири дифоъи Амрико Уилям Линн зимни суханронӣ дар Сенат хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, тарҳи пешниҳодкардаи ҳукумати раисиҷумҳури пешин Ҷорҷ Буш, ки боиси нороҳатӣ ва эътирози Русия шуда буд, фақат яке аз чанд тарҳи пешниҳодист. Уилям Линн афзуд, ки айни ҳол имкони ҳамкорӣ бо Русия дар мавриди ташкили системи густардаи дифоъӣ баррасӣ мешавад.
Тибқи тарҳи бунёди сипари мушакии ИМА дар Аврупо бояд дар Лаҳистон 10 мушак ва дар Ҷумҳурии Чех радар ҷойгир шавад.
XS
SM
MD
LG