Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Молдова маъракаи нави интихоботӣ шурӯъ мешавад


Комиссиюни марказии интихоботии Молдова имрӯз қабули аснод барои сабти номи номзадҳо ба вакилии парлумон дар интихоботи қабл аз вақти парлумониро шурӯъ мекунад. Дирӯз дар нишасти комиссиюн феҳристи 28 ҳизбе тасдиқ шуд, ки ҳаққи ширкат дар интихоботро хоҳанд дошт.
Владимир Воронин, раисиҷумҳури Молдова, рӯзи душанбе парлумони кишварро пароканда кард ва эълон намуд, ки интихоботи нав ба ин органи қонунбарор 29 июли соли равон баргузор мешавад. Тасмим барои пароканда кардани парлумон баъди он гирифта шуд, ки ду талоши интихоби раисиҷумҳур дар парлумон бенатиҷа поён ёфт – ҳар дафъа ба ҳизби ҳукмрони комунист барои пирӯзӣ як раъй камӣ мекард.
Вакилони парлумон аз аҳзоби мухолиф аз ширкат дар интихоботи раисиҷумҳур сарпечӣ карданд, зеро аз нигоҳи онҳо, дар интихоботи парлумонии рӯзи 5 апрел тақаллубу қонуншиканиҳои зиёд рух додааст.
XS
SM
MD
LG