Пайвандҳои дастрасӣ

Обама: Барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ хатарбор аст


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама барномаҳои мушакӣ ва ҳастаии Кореяи Шимолиро чун "хатари ҷиддӣ барои минтақа ва ҷаҳон" арзёбӣ кард ва аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хост, то Пхенянро барои даст бардоштан аз идомаи пажуҳиши ин барномаҳо мутмаин созад. Зимни як нишасти матбуотии муштарак бо сарвари Кореяи Ҷанубӣ Ли Мюнг Бак дар Кохи сафед Обама гуфт, ки “Пхенян аз ӯҳдадорияҳояш даст кашида, қавонини байналмилалиро поймол намуд. Барномаҳои мушакӣ ва ҳастаии ин кишвар барои сулҳу амнияти Осиё ва тамоми ҷаҳон хатари бузург эҷод мекунад.”
Обама афзуд. ки Амрико ҳеҷ гоҳ бо воқеъияти он ки Пхенян дорои бомаби атомист, розӣ нахоҳад шуд. Раисиҷумҳури Амрико ҳамчунин изҳор намуд, ки Вошингтон ҳамеша аз Кореяи Ҷанубӣ дифоъ хоҳад кард. Ҳамзамон Барак Обама эълом дошт, Вошингтон мехоҳад Пхенянро барои аз сар гирифтани музокирот ба хотири пайдо кардани роҳҳои ҳамзистии осоишта бо ҳамсояҳояш мутмаин кунад.
XS
SM
MD
LG