Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Бан Ки Мун аз Исроил ва Фаластин


Пан Ки Мун, Дабири Кулли СММ, аз Исроил ва Ташкилоти худгардони Фаластин даъват кард, ки ба зудӣ музокироти сулҳро аз сар бигиранд. БА гуфтаи ӯ, дар меҳвари музокирот бояд мавзӯъи таъсиси давлати мустақили Фаластин бошад.
ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо аз суханронии ахири сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу истиқбол карданд, ки дар он ба имкони бунёди давлати мустақили Фаластин ишора шудааст. Ва аммо сарвазири Исроил дар ин суханронӣ чанд шарт пеш гузошт, аз ҷумла, ӯ гуфт, ки давлати Фаластин бояд комилан ғайринизомӣ бошад. Мақомоти Фаластин эълом доштанд, ки онҳо ин шартро қабул надоранд. Онҳо ҳамчунин аз сарпечии Нетаняҳу барои баррасии мавзӯъҳои тақсими Байтулмуқаддас ва мақоми паноҳандагони фаластинӣ шадидан интиқод кардаанд.
XS
SM
MD
LG