Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Обама аз маъракаи интихоботии Афғонистон


Барак Обама, раисҷумҳури Амрико, аз шурӯъи расмии маъракаи интихоботии раёсатҷумҳурӣ ва шӯроҳои вилоятии Афғонистон истиқбол кард. Ин маъракаи сиёсӣ 20 августи соли равон баргузор мешавад. Дар як изҳорот Обама навишт, ки ҳукуматаш ба сабқати раёсатҷумҳур холисона назар хоҳад кард ва интихоби мардуми афғонро эҳтиром хоҳад намуд. Сарвари Амрико афзудааст, ки раисиҷумҳури ояндаи Афғонистон бояд барои таъмини эътидол дар кишвар талошҳои бештар ба харҷ диҳад.
Ба ҷуз раҳбари феълии Афғонистон Ҳомиди Карзай, барои мақоми олии кишвар боз 40 довталаби дигар вориди майдони сабқат мешаванд.
XS
SM
MD
LG