Пайвандҳои дастрасӣ

Ширин Ибодӣ: Дар Эрон интихоботи нав доир шавад


Ширин Ибодӣ, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ изҳор намуд, ки мақомоти Эрон бояд интихоботи нави президентиро баргузор кунанд ва барои назорати он нозирони байнулмилалиро ба кишвар бихонанд.
Хонум Ибодӣ афзуд, ки ҳукумат бояд ба талаби миллионҳо нафар, ки алайҳи интихоб шудани Маҳмуди Аҳмадинажод садо баланд кардаанд, арҷ гузорад. Аз нигоҳи ӯ, эрониҳо бо талабҳои осоишта ба хиёбонҳо рехтанд ва аммо ба вокуниши шадид рӯ ба рӯ шуданд. Ширин Ибодӣ ҳамчунин талаб кард, ки ҳама эътирозгарони тайи се рӯзи ахир боздоштшуда бидуни пеш гузоштани шарте озод карда шаванд.
XS
SM
MD
LG