Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Тифлис ба дунболи ветои Маскав


Вазорати умури хориҷии Гурҷистон имрӯз ҳушдор дод, ки ветои Русия ба қарори тамдиди замони маъмурияти нозирони СММ дар Абхозистон метавонад мунҷар ба бурузи нооромиҳо шавад. Тифлис ҳамчунин Маскавро айбдор кард, ки мехоҳад “поккориҳои қавмӣ”-ро аз чашми ҷаҳон пинҳон нигоҳ бидорад.
Гурҷистон нисбат ба сарнавишти 60 000 сокини гурҷии Абхозистон, ки умдатан дар шарқи он вилоят, дар дараи Галӣ ба сар мебаранд, изҳори нигаронӣ кардааст. Русия рӯзи душанбе ба ин далел ки тарҳи қатънома эътирофи истиқлолияти Абхозистон аз ҷониби Маскавро сарфи назар кардааст, ба тарҳи қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ дар мавриди тамдиди замони маъмурияти ҳайъати нозирони СММ вето гузошт.
XS
SM
MD
LG