Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Теҳрон ба изҳороти ИА


Вазорати умури хориҷии Эрон имрӯз изҳороти ИА дар бораи интихоботи Эронро “мудохилаҷӯёна ва тавҳиномез” унвон кард ва ба нишони эътироз як дипломати баландпояи Ҷумҳурии Чехро, ки аз ИА намояндагӣ мекунад, фаро хонд.
Хабаргузории ИСНО мегӯяд, ба фиристодаи Чехия эътирознома супурдаанд. Ҷумҳурии Чех феълан раёсати давраии ИА-ро бар ӯҳда дорад. ИА дирӯз аз Эрон тақозо кард, ба талаби мухолифин тан дар дода, пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботро таҳқиқ кунад ва даст аз саркӯб кардани тазоҳургарон низ бубардорад.
XS
SM
MD
LG