Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз Боқиев қатъи муваққатии ваколатҳоро мехоҳанд


Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури Қирғизистон

Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури Қирғизистон

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башари Қирғизистон, баъзе бандҳои моддаҳои Кодекс дар бораи интихобот ба қонунгузориҳои ин кишвар мухолиф аст.

Азиза Абдурасулова, раиси маркази ҳуқуқи башари «Қилим шамӣ», ё «Шамъи аср» аз додгоҳи Қонуни асосии кишвараш тақозо кардааст, ки президент Боқиев бояд дар давраи интихобот аз ваколатҳои худ даст кашад. Ба гуфтаи ӯ, зеро ин бандҳо ба Боқиев имкон медиҳанд, ки бидуни қатъи ваколатҳои худ дар интихоботи президентӣ ширкат кунад.

Ба гуфтаи хонуми Абдурасулова, аммо тибқи қонунгузориҳо ҳар як номзад баъди сабти ном бояд ваколатҳои худро муваққатан боз дорад.

Толекан Исмоилова, раиси созмони ғайридавлатии «Шаҳрвандон алайҳи ришватхорӣ», мақараш дар Бишкек, тайи як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ дар ин маврид гуфт, дар замони таблиғоти барномаҳои пешазинтихоботӣ бояд ҳамаи номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳури ин кишвар аз шароити яксон бархурдор бошанд.

Ба таъкиди Толекан Имсоилова, ҳатто агар президент аз дигарон дида имкониятҳои бештарро соҳиб аст, вале вай муваззаф аст, ба мардуми кишвар намоиш диҳад, ки дар назди қонун ҳама баробаранд ва устувории қонун аз манфиатҳои шахсӣ дида бартарияти бештар дорад.

Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, ҳомиёни ҳуқуқи башар эътимод доранд, ки президенти вақти кишвар Қурмонбек Боқиев ваколатҳои худро дар давраи интихобот қатъ хоҳад кард ва дар радифи номзадҳои дигар вориди маъракаҳои пешазинтихоботӣ ва сабқати созанда хоҳад шуд.

Аммо ба ақидаи Назира Тошхоҷаева, як коршиноси масоили сиёсии қирғиз, тайи як муддати тӯлонӣ, ки бештар аз як моҳро дар бар мегирад, бидуни президент вогузоштани кишвар чандон кори дуруст нест. Вай мегӯяд, президент бояд ваколатҳои худро дар ҷараёни интихобот муваққатан боз дорад.

Ин коршинос афзуд, дар интихоботи дуввуми президентии замони Аскар Оқоев аз чунин таҷриба кор гирифта шуд, вале вай чунин мешуморад, ки барои як муддат мамлакатро бе президент гузоштан баъзе нороҳатиҳро низ эҷод хоҳад кард.

Назира Тошхоҷаева гуфт, баргузории ҳар гуна тазоҳурот ва гирдиҳамоиҳои мухолифон аз эҳтимол холӣ нест ва фақат раисиҷумҳур дар мавриди рафъи бесару сомониҳо фавран чораҳои қатъиро пиёда хоҳад кард.

Бояд ёдовар шуд, ки намунаи ин ҳол дар авохири солхои 80-уми қарни гузашта дар Точикистон дида шуд. Дар интихоботи соли 1991 аз раисиҷумҳури он вақт Раҳмон Набиев тақозо гардид, ки фаъолияти худро дар давраи интихобот ҷатъ кунад. Ин талаби мухолифин баъди пофишории зиёд пазируфта шуд, аммо қатъи ваколатҳои муваққатии президент Набиев таъсири чандоне надошт. Зеро таблигот ва захоири давлатӣ барои пешбурди номзади ҳукумат, яъне Раҳмон Набиев фаровон истифода шуд.
XS
SM
MD
LG