Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳои захмӣ шудани Тоҳир Юлдош


Генерал Атҳар Аббос, сухангӯи артиши Покистон

Генерал Атҳар Аббос, сухангӯи артиши Покистон

Ба хабарҳои тасдиқнашуда Тоҳир Юлдош, раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон дар Покистон, захмӣ шудааст.

Ҳарбиёни покистонӣ мегӯянд, тибқи гузоришҳои тасдиқношуда раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон, Тоҳир Юлдошо охири ҳафтаи гузашта захмӣ шудааст.

Генерал Атҳар Аббос, сухангӯи артиши Покистон имрӯз дар як нишасти хабарӣ дар Исломобод гуфт, Тоҳир Юлдош, раҳбари Ҳаракати
Ҳамла болои як тамрингоҳи ҷангиён сурат гирифт, ки онҷо теъдоде аз ҷангиёни узбак низ будаанд. Дар маҷмӯъ дар ин ҷо 31 нафар кушта шуданд...
исломии Узбакистон бар асари ҳамлаи ҳавоии рӯзи якшанбе дар минтақаи Макини вилояти Вазиристони ҷанубӣ, воқеъ дар сарзаминҳои қабиланишини ҳаммарз бо Афғонистон, захмӣ шудааст.

Атҳар Аббос дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Бале, ман гузоришҳои расида дар бораи ҷароҳат бардоштани яке аз раҳбарони узбак бар асари ҳамлаи ҳавоиро таъйид мекунам. Ин гузоришҳо аз Вазиристони ҷанубӣ расидаанд. Ҳамла болои як тамрингоҳи ҷангиён сурат гирифт, ки онҷо теъдоде аз ҷангиёни узбак низ будаанд. Дар маҷмӯъ дар ин ҷо 31 нафар кушта шуданд.”

Макин аз пойгоҳҳои раҳбари маҳаллии Толибони Покистон Байтуллоҳ Мақсуб ба шумор меравад.Ҳавопаймоҳои Покистон сар аз рӯзи шанбе мавзеъҳои ин фармондеҳро таҳти зарбаҳои ҳавоӣ гирифтанд. Ин ҳамлаҳо ба думболи як марҳилаи омодагӣ ва дар барномаи ҳуҷуми куллӣ ба паноҳгоҳи ситезаҷӯён дар дараи Свот ба вуқӯъ пайвастааст.

Ҳаракати исломии Узбакистон як гурӯҳи тундрави мазҳабиест, ки фаъолияташ дар Узбакистон ва Тоҷикистон расман манъ шуда, Амрико ин созмонро дар феҳрасти гурӯҳҳои террористӣ ворид кардааст.

Тибқи хабарҳо, Тоҳир Юлдош пас аз ҳалокати раҳбари ин созмон Ҷумъаи Намангонӣ бар асари зарбаҳои ҳавоии нерӯҳои Амрико дар шимоли Афғонистон дар соли 2001, раҳбарии Ҳаракати исломии Узбакистонро бар дӯш гирифтааст.

Чанд сол пеш эълон шуда буд, ки Юлдош ин созмонро бо ҷалби мусаллаҳон аз Тоҷикистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Чин ба Ҳаракати Исломии Туркистон табдил додааст.
XS
SM
MD
LG