Пайвандҳои дастрасӣ

"Тоҷиксемент" аз фаъолият бозмонд


Ширкати "Тоҷиктрансгаз" имрӯз интиқоли гази табиӣ ба қарздорони бузурги ин ширкат, аз ҷумла ба корхонаи "Тоҷиксемент"-ро қатъ кард. Ин тасмим боиси аз субҳи сешанбе аз фаъолият бозмондани "Тоҷиксемент" шудааст.
"Тоҷиктрансгаз" ба дунболи тасмими Узбакистон, ки субҳи имрӯз интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро 50 дарсад коҳиш дода, то ба ҳадди 6 000 метри мукааб газ дар соат пойин овард, даст ба чунин иқдомоти шадид задааст.
Мақомоти ширкати “Тоҷиктрансгаз” мегӯянд, гази ворида аз Узбакистон танҳо барои таъмини фаъолияти ТАЛКО, ширкати алюминсозии Тоҷикистон, кифоят мекунад. Шавкат Шоимов, муовини раиси “Тоҷиктрансгаз” гуфт, Тошканд ба далели ба 17,5 миллион доллар расидани қарзи Тоҷикистон даст ба ин иқдом задааст.
Тибқи қарордод, Тоҷикистон мебоист имсол аз Узбакистон ҳудуди 550 миллион метри мукааб газ бо қимати 240 доллар барои як 1000 метри мукааб харидорӣ мекард.
XS
SM
MD
LG