Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҳир Юлдош дар Покистон захмӣ шудааст


Генерал Атҳар Аббос, сухангӯи артиши Покистон имрӯз гуфт, Тоҳир Юлдош, раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон бар асари ҳамлаи ҳавоии рӯзи якшанбе дар минтақаи Макини вилояти Вазиристони ҷанубӣ, воқеъ дар сарзаминҳои қабиланишини ҳаммарз бо Афғонистон, захмӣ шудааст.Атҳар Аббос дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Бале, ман гузоришҳои расида дар бораи ҷароҳат бардоштани яке аз раҳбарони узбак бар асари ҳамлаи ҳавоиро таъйид мекунам. Ин гузоришҳо аз Вазиристони ҷанубӣ расидаанд. Ҳамла болои як тамрингоҳи ҷангиён сурат гирифт, ки онҷо теъдоде аз ҷангиёни узбак низ будаанд. Дар маҷмӯъ дар ин ҷо 31 нафар кушта шуданд.”

Макин аз пойгоҳҳои раҳбари маҳаллии Толибони Покистон Байтуллоҳ Мақсуд ба шумор меравад.
Ҳаракати исломии Узбакистон як гурӯҳи тундрави мазҳабиест, ки фаъолияташ дар Узбакистон ва Тоҷикистон расман манъ шуда, Амрико ин созмонро дар феҳрасти гурӯҳҳои террористӣ ворид кардааст.
XS
SM
MD
LG