Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши гардиши мол аз роҳи Қулма


Гузаргоҳи марзии Қулма
Гузаргоҳи марзии Қулма

Бино ба иттилои идораи гумруки Бадахшон, ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Чин тавассути гузаргоҳи марзии Қулма чаҳор маротиба коҳиш ёфтааст.

Ба гуфтаи сардори раёсати назорати гумруки вилоят Муҳиддин Ҷумъаев, бо шурӯъи фаъолияти гузаргоҳи марзи аз моҳи май то ба ҳол дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта маблағи молу колои воридоти наздик ба як миллион доллар кам шудааст. Вай баён дошт, ки ҳамчунин ҳаҷми интиқоли бор тавассути гузаргоҳи марзӣ ба андозаи як ҳазору 200 тонна коҳиш ёфтааст.

Ба қавли соҳибкорон, поинравии қурби сомонӣ дар баробари асъори хориҷӣ соҳибкорони ватаниро дар муносибатҳои тиҷоратӣ ба шарикони чинӣ дар шароити нобаробар қарор медиҳад. Нигина Ватанбекова, роҳбари иттиҳоди занони соҳибкори Бадахшон, изҳор дошт, ки соҳибкорон дар Тоҷикистон долларро бо чаҳору ним сомонӣ харид мекунанд. Вай афзуд, ки аммо дар Чин қурби асъор қариб дар як сатҳ боқӣ мондааст ва дар натиҷа соҳибкорони тоҷик аз ҳар сад доллар қариб 120 сомонӣ бой медиҳанд.

Роҳбари ассотсиатсия гуфт, поинравии қурби пули миллӣ ва баста будани дарҳои бонкҳои қарздиҳанда сабаби ба таври чашмгир коҳиш ёфтани сафи соҳибкороне шудааст, ки ба манзури хариду молу коло ба Чин сафар мекунанд. Вай афзуд, агар қаблан моҳе то 60 нафар соҳибкор аз бонкҳои тиҷоратӣ қарз мегирифтанд, акнун ҳамагӣ 15-20 нафар метавонанд аз чунин имконият ва дар доираи маблағи маҳдуд истифода кунанд.

Ҳамчунин аз оғози шурӯъи фаъолияти гузаргоҳ фақат 8 адад автомашинаи сабукрави «Тангем» марзро убур кардаанд, ҳол он ки дар ҳамин давраи соли гузашта қариб як ҳазор автомашинаи сабукрави ин навъ дар кишвари ҳамҷавор харид ва ба ҷумҳурӣ оварда шуданд. Ба гуфтаи масъулини гумрук, ду маротиба боло рафтани нархи андозбандии гумрукӣ танҳо нисбати васоити нақлиётии воридоти аз моҳи оянда мавриди амал қарор гирифта, коҳиши воридоти автомашинаи сабукрав ба танг шудани мавқеи он дар ҷумҳурӣ вобаста будааст.
XS
SM
MD
LG