Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дархости Мӯсавӣ аз ҷонибдоронаш


Номзади мағлуб дар интихоботи ахири раёсатҷумҳурии Эрон Мирҳусайн Мӯсавӣ аз тарафдоронаш хост, ба хотири ҳифзи ҳаёти мардум дар раҳпаймоии эътирозии имрӯза дар Теҳрон ширкат накунанд. Се рӯз боз ҳазорон нафар аз тарафдорони Мӯсавӣ дар Теҳрон ва шаҳрҳои дигари Эрон алайҳи натоиҷи расмии интихоботи 12 июн, ки раисиҷумҳури кунунии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро баранда эълон кард, эътироз мекунанд. Эътирозҳои ахир аз замони инқилоби исломии соли 1979 барои Эрон бесобиқа номида мешаванд. Дар ҷараёни эътирозҳои рӯзи душанбе дар Теҳрон 7 нафар кушта шуданд.
Мӯсавӣ хостори лағви натоиҷи интихоботи 12 июн шудааст. Шӯрои Нигаҳбон, як ниҳоди муттанаффиз дар низоми Ҷумҳурии исломӣ, рӯзи сешанбе эълон кард, ки барои шумориши дубораи орои интихоботи 12 июн омодагӣ мегирад.
XS
SM
MD
LG