Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев хостори пайдо кардани пули нави ҷаҳонист


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев қабл аз шурӯъи нишасти раҳбарони 4 кишвари бузургтарини дар ҳоли рушд – Бразилу Русия ва Ҳинду Чин дар Екатеринбург гуфт, дар ин нишаст шояд масъалаи асъори изофии байналмилалӣ матраҳ шавад, чунки, ба гуфтаи ӯ, асъори феълии ҷаҳонӣ, бо шумули доллари Амрико, аз иҷрои масъулияти худ намебароянд.
Нишасти Екатеринбург нахустин мулоқоти ин чоргонаи маъруф бо номи BRIC буда, мавзӯъи ислоҳоти ниҳодҳои байналмилалии молиро низ баҳс хоҳад кард.
Иқтисоди Бразилу Русия ва Ҳинду Чин дар ҳоли ҳозир 15 дарсади иқтисоди ҷаҳонро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG