Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳмадинажод ба Екатеринбург омад


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба хотири ширкат дар рӯзи ниҳоии нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба Екатеринбурги Русия омад. Қарор буд, ки ӯ рӯзи душанбе ба ин нишаст ҳозир шавад, вале сафари ӯ ба далели эътирозҳои бархоста дар Теҳрон то рӯзи сешанбе ба таъхир гузошта шуд.
Як дипломати Русия раъйгирии ахир дар Эрон кори дохилии он кишвар номидааст.
Матбуоти Русия навишт, ки раиси ин ҷумҳурӣ Дмитрий Медведев дар Екатеринбург бо Аҳмадинажод мулоқот карданӣ нест. Аммо баъдан хабар расид, ки ба ҳар сурат, ин мулоқот дар ҳошияи нишасти Екатеринбург доир шудааст.
XS
SM
MD
LG