Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

General Motors Saab-ро мефурӯшад


General Motors, бузургтарин ширкати мошинсозии Амрико фурӯши воҳидҳои мошинсозиашро идома медиҳад. Ин ширкат акнун бо ширкати шведии Koenigsegg, ки махсуси тавлиди мошинҳои варзишист, ҷиҳати фурӯши воҳиди шведиаш - Saab Automobile қарордод имзо кардааст. Koenigsegg соли 1994 таъсис ёфта, 145 коргар дорад ва солона ҳамагӣ 18 мошини варзишӣ тавлид мекунад, ки арзиши ҳар кадомаш беш аз 1 миллион еврост.
General Motors, ки ахиран эълони варшикастагӣ кард ва аз давлати Амрико кӯмаки молӣ хостааст, чанде пеш тамғаи дигари маъруфаш – Hammer-ро ба як ширкати чиноӣ фурӯхт.
XS
SM
MD
LG