Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти раҳбарони Ҳинду Покистон дар Екатеринбург


Раҳбарони Ҳинду Покистон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Екатеринбурги Русия мулоқот карданд. Ин нахустин мулоқоти рӯбарӯи раисиҷумҳури Покистон Осифалӣ Зардорӣ ва сарвазири Ҳинд Мунмаҳон Сингҳ баъд аз бурузи танишҳо байни ду кишвар дар пайи ҳамлаи хунини моҳи ноябри гузашта ба шаҳри Мумбайи Ҳинд буд. Ҳинд дар он ҳамла, ки беш аз 70 кушта ба ҷо гузошт, гурӯҳи покистонии Лашкари Таййибаро айбдор кард.
Сингҳ дар оғози дидораш ба Зардорӣ гуфтааст, ки қаламрави Покистон набояд барои террор истифода шавад.
Ҳинду Покистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки Русияву Чин ва 4 кишвари Осиёи Марказиро муттаҳид мекунад, ҳарду мақоми кишвари нозирро доранд.
XS
SM
MD
LG