Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои нигаҳбон ба шумориши дубора оро омода аст


Матбуоти давлатии Эрон мегӯяд, Шӯрои Нигаҳбон, ниҳоди олии қонунгузор дар низоми Ҷумҳурии исломӣ, барои шумориши дубораи орои интихоботи 12 июн изҳори омодагӣ кардааст. Ин эълон рӯзи сешанбе дар пайи 3 рӯзи тазоҳуроти густарда алайҳи эъломи пирӯзии раисиҷумҳури кунунии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод нашр шуд. Эътирозҳои ахир аз замони инқилоби исломии соли 1979 барои Эрон бесобиқа номида мешаванд.
Номзади мағлуб Мирҳусайн Мӯсавӣ ба далели вуҷуди тахаллуфоти фаровон хостори лағви натоиҷи интихоботи 12 июн шудааст. Рӯзи душанбе садҳо ҳазор тарафдорони Мӯсавӣ алайҳи эълони пирӯзии Аҳмадинажод раҳпаймоӣ карданд=
Расонаҳои давлатии Эрон мегӯянд, дар пайи ҳамла ба як посгоҳи низомии воқеъ дар наздикии маҳалли раҳпаймоии эътирозии рӯзи душанбе 7 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG