Пайвандҳои дастрасӣ

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 26,9% коҳиш ёфтааст


Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон мегӯяд, ҳаҷми тиҷорати хориҷии ин кишвар дар 5 моҳи аввали соли равон назар ба ҳамин давраи соли гузашта 26,9 дарсад ё 514,2 миллион доллар коҳиш ёфта, наздики 1,4 миллиард долларро ташкил додааст. Фарқи байни содирот ва воридот дар ин 5 моҳи аввали сол низ манфӣ буда, ҳаҷми воридот назар ба содирот 707,5 миллион доллар бештар шудааст.
Содироти фаровардаҳои Тоҷикистон дар ин муддат назар ба 5 моҳи аввали соли гузашта 46,1 фоиз коҳиш ёфта, ҳамагӣ 345,6 миллион долларро ташкил дод. Воридоти маҳсулот низ имсол 18,9 дарсад камтар шуда, ба 1 миллиарду 53,1 миллион доллар баробар шудааст. Русияву Чин, Қазоқистону Узбакистон ва Туркияву Эрон шарикони аслӣ дар тиҷорати хориҷии имсолаи Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG