Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 36 кило ҳашиш ва беш аз 100 кило ҳероин


Мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, маъмурони бахши мубориза зидди қочоқи маводи мухаддири ин вазорат дар чаҳорчӯби амалиёти “Кӯкнор-2009” дар шаҳри Душанбе ду сокини ноҳияи Панҷ – Рустам ва Фирдавс Нуровро бо наздики 36 кило ҳашиш дастгир кардаанд.
Қаблан маъмурони ожонси мубориза бо маводи мухаддир дар вилояти Суғд дар ҳудуди ҷамоати Қистақӯзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар масири Конибодом – Лаклак аз ду қочоқбар беш аз 100 кило ҳероин мусодира карданд. Ин афрод талош доштанд, ин миқдори бузурги маводи мухаддирро аз роҳи зардолузор ба Қирғизистон қочоқ кунанд.
Гуфта мешавад, боздошти ин ду қочоқбар тавассути “телефони боварӣ” сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG