Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози корзори пешазинтихоботӣ дар Афғонистон


Имрӯз дар Афғонистон корзори пешазинтихоботии номзадҳо ба мақоми раёсати ин ҷумҳурӣ расман оғоз ёфт. Маъракаҳои пешазинтихоботӣ то 18 август, яъне то 2 рӯзи қабл аз интихоботи ҷадиди раёсати он ҷумҳурӣ идома хоҳанд кард.
Раисиҷумҳури кунунӣ Ҳомиди Карзай, ки дар поёни соли 2001, дар пайи суқути давлати Толибон бо дасти нирӯҳои таҳти раҳбарии Амрико, ба чавкии қудрат дар Афғонистон нишаст, дар интихоботи рӯзи 20 август ба хотири дарёфти давраи дуввуми панҷсолаи раёсат бо 40 номзади дигар вориди рақобат хоҳад шуд. Кай Эйде, фиристодаи хоси СММ дар умури Афғонистон, рӯзи душанбе ба як корзори интихоботии орӣ аз гуфтору рафтори бад дар Афғонистон даъват кард ва гуфт, умедвор аст, ки номзадҳо рӯи дидгоҳҳои худ дар қиболи ояндаи ин кишвар тамаркуз хоҳанд кард.
Амрико ва кишварҳои дигари узви паймони низомии НАТО ба хотири кӯмак ба Кобул дар амри таъмини осоиш дар рӯзҳои интихобот шумори ниӯҳои худро дар Афғонистон ба ҳазорон нафари дигар меафзоянд.
XS
SM
MD
LG