Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусодираи 100 кило ҳероин дар Конибодом


Бахши Оҷонсии назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар вилояти Суғд бо анҷоми як амалиёт дар канораи роҳи Конибодом ва Лаклаки вилояти Ботканд аз ду нафари ношинос беш аз 100 кило ҳероинро мусодира кард.
Бино ба иттилои бахши вилоятии Оҷонсӣ пас аз занги «телефони боварӣ» дар соати нӯҳи шаб ду нафари ношинос дар ҳудуди ҷамоати Қистакӯзи ноҳия Бобоҷон Ғафуров қасд доштаанд бо роҳи зардолузор миқдори бузурги ҳероинро ба қаламрави Қирғизистон интиқол диҳанд. Гурӯҳи ҷустуҷӯии Оҷонсӣ ба ҷои ҷодиса ҳозир мешавад, ки афроди ношинос дучархаи ҳомили чаҳор борхалтаи ҳероинро гузошта фирор мекунанд.
Намояндагони Оҷонсӣ мегӯянд, аз мӯҳр ва навиштаҳои рӯи халтаҳои ҳероин маълум мешавад, ки ин миқдори ҳероин аз Афғонистон ба қаламрваи Тоҷикистон интиқол дода шудааст. Ҳоло барои таҳқиқи ин ҳодиса парванда боз карда шудааст.
XS
SM
MD
LG