Пайвандҳои дастрасӣ

Италия се маҳбуси Гуантанаморо қабул мекунад


Италия барои қабули се тан аз гумонбарони терроризм, ки дар маҳбаси пойгоҳи Гуантанамо ба сар мебаранд, розӣ шуд. Дар ин бора раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар Вошингтон баъд аз музокирот бо сарвазири Италия Силвио Берлусконӣ хабар дод.
ИМА бо кишварҳои гуногун дар мавриди мутмаин сохтани онҳо барои қабули бархе аз маҳбусони Гуантанамо машваратҳо анҷом медиҳад. Ин бахше аз тарҳи Барак Обама аст, ки барои бастани маҳбаси пойгоҳи Гуантанамо тасмим гирифтааст. Айни ҳол дар ин маҳбас 240 гумонбари терроризм нигаҳ дошта мешаванд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG