Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Яман ҷасадҳои хориҷиёнро пайдо карданд


Мақомоти Яман хабар доданд, ки ҷасади дасти кам ҳафт тан аз хориҷиёни охири ҳафтаи гузашта дар ин кишвар ғайбзадаро ошкор кардаанд. Миёни онҳо як тифл низ ҳаст. Тибқи иттилоъи расида, хориҷиёни ба қатлрасида миёни нӯҳ нафаре буданд, ки ҳафтаи гузашта дар як минтақаи кӯҳии воқеъ дар шимоли Яман ғайб заданд ваё аз сӯи афроди номаълум рабуда шуданд. Масъулияти одамрабоӣ ва кушторро ҳанӯз ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст ва аммо мақомот ангушти иттиҳом сӯи як гурӯҳи маҳаллии шиаҳо мекунанд. Ҳафт шаҳрванди Олмон, як муҳандис аз Бритониё ва омӯзгор дар Кореяи Ҷанубӣ то имрӯз беному нишонғайбзада маҳсуб мешуданд. Вазорати умури дохилаи Яман хабар дод, ки дар байни олмониҳои ғайбзада як табиб бо хонуму се фарзандаш низ ҳастанд. Бештари ғайбзадагон дар як бемористон дар музофоти Саъд кор мекарданд.
XS
SM
MD
LG