Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парлумони Молдова пароканда карда шуд


Владимир Воронин, раисиҷумҳури Молдова, парлумонро пароканда кард ва эълон намуд, ки интихоботи нав ба ин органи қонунбарор 29 июли соли равон баргузор мешавад. Изҳороти раисиҷумҳур бегаҳи дирӯз аз тариқи телевизион пахш шуд.
Тасмим барои пароканда кардани парлумон баъди он гирифта шуд, ки ду талоши интихоби раисиҷумҳур дар парлумон бенатиҷа поён ёфт – ҳар дафъа ба ҳизби ҳукмрони комунист барои пирӯзӣ як раъй камӣ мекард.
Вакилони парлумон аз аҳзоби мухолиф аз ширкат дар интихоботи раисиҷумҳур сарпечӣ карданд, зеро аз нигоҳи онҳо, дар интихоботи парлумонии рӯзи 5 апрел тақаллубу қонуншиканиҳои зиёд рух додааст.
XS
SM
MD
LG