Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар нишасти Екатеринбург ду санад имзо мешавад


Имрӯз сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри Екатеринбурги Русия зери ду санад - қатънома оид ба вазъи ҷаҳон ва конвенсия алайҳи терроризм имзо мегузоранд. Ба иттилоъи ёвари раисиҷумҳури Русия Сергеӣ Приходко, дар қатънома, аз ҷумла, ба паҳн нашудани силоҳи ҳастаӣ ва ҳифзи эътидол дар иқтисод таъкид шудааст.
Имрӯз дар Екатеринбург ҳамчунин нахустин саммити раҳбарони Бразилия, Русия, Ҳиндустон ва Чин, кишварҳои бузурги дар ҳоли рушди олам, баргузор мешавад. Дирӯз президентҳои Русия, Афғонистон ва Покистон масоили марбут ба амният дар минтақа ва ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ карданд.
XS
SM
MD
LG