Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Бритониё далелҳои ҳамла ба Ироқ тафтиш мешавад


Дар Бритониё тафтиши мустақилонаи тасмими ҳукумат барои ширкат дар ҳамла ба Ироқ дар соли 2003 ва фаъолияти низомиёни кишвар дар давраи ҷанг дар Ироқ сурат мегирад. Дар ин бора сарвазири Бритониё Гордон Браун дар нишасти парлумон хабар дод. Ба гуфтаи сарвазир, тафтиш тақрибан як сол идома хоҳад кард. Ӯ афзуд, ки пажуҳиш баъди хуруҷи комили нерӯҳои Бритониё аз Ироқ шурӯъ мешавад – қарор аст низомиёни кишвар моҳи июл Ироқро тарк намоянд. Тайи чанд соли ҷанг дар Ироқ 179 низомии бритониёвӣ ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG