Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати як нафар дар тазоҳуроти Теҳрон


Ширкаткунандагони тазоҳурот дар Теҳрон ҳадафи тир қарор гирифтанд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар ин ҳодиса дасти кам як кас кушта ва чанд нафар маҷрӯҳ шудаанд. Шоҳидон гуфтанд, тирпарронӣ баъди он рух дод, ки гурӯҳи эътирозгарон ба макони зисти мансуб ба ниманизомиёни мазҳабии Басеҷӣ ҳамла карданд. Мақомоти расмии Эрон ин иттилоъро то ҳол таъйид ваё рад накардаанд.
Ҷонибдорони Мир Ҳусейни Мусавӣ ва Маҳдии Карубӣ, номзадҳои ноком дар интихоботи раёсатҷумҳурии 12-уми июн, дирӯз дар майдони Инқилоби Теҳрон гирдиҳам омада хостори лағви натоиҷи интихобот шуданд. Аз ин пеш раҳбари мазҳабии Эрон, оятуллоҳ Алии Хоманаӣ аз талаби Мир Ҳусейни Мусавӣ барои шумориши такрории раъйҳо аз сӯи Шӯрои нигаҳбони Эрон ҳимоят карда буд. Мусавӣ ва Каррубӣ пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажодро дар интихобот эътироф накардаанд ва мегӯянд, ки зимни баршумурдани раъйҳо аз тақаллуб кор гирифта шудааст.
Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА аз ташаннуҷи авзоъ дар Эрон изҳори нигаронӣ карда аз мақомот талаб намуданд, ки аз хушунат парҳез кунанд.
XS
SM
MD
LG